Кормандони Хадамоти Амнияти Россия (ФСБ) як зодаи Осиёи Марказиро, ки дар қаламрави Адигея ҳамлаи террористӣ омода мекард, боздошт карданд.
Хабар дода мешавад, ки ин мард ҷонибдори Давлати Исломӣ буда, ҳангоми кофтукоб аз ӯ парчами ташкилоти террористӣ ва инчунин як маводи таркандаи худсохт мусодира карда шудааст. Инчунин, аз ӯ харитаи минтақаи Майкоп ёфт шуд, ки дар он ҷойҳои эҳтимолии амалҳои террористӣ қайд карда шуда будаанд. Ғайр аз он дар телефони муҳоҷири меҳнатӣ мундариҷаҳои экстремистӣ ва террористӣ мавҷуд будаанд. Маълум карда шудааст, ки ӯ дар Россия бо санадҳои қалбакӣ будубош доштааст.
Нисбати ин муҳоҷир аз рӯи қисми 1 моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ("ҳамлаи террористӣ") парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд, ки боздоштшударо аз даҳ то понздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.
Давлати Исломӣ дар Россия ташкилоти ифротӣ шинохта шудаасту фаъолияти он мамнӯъ аст.