- Дар Саратов кормандони шаҳрии ВКД маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба муайян намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират анҷом додаанд, - хабар медиҳад Хадамоти матбуотии ВКД дар Саратов.
Чунин чорабиниҳо аз 9 то 16 март баргузор шуданд, ки дар рафти он кормандони полисия аз бозорҳои калони шаҳр дидан карданд.
Дар натиҷа мақомоти салоҳиятдори ин минтақа 23 парвандаи ҷиноятиро аз рӯи аломатҳои бақайдгирии қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ оғоз намуданд.
Парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия баррасӣ мешаванд, ки то 3 соли маҳрум намудан аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Инчунин, қайд менамоем, ки чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои гуногуни Россия пешбинӣ ва роҳандозӣ шуда истодаанд. Масалан политсияи ноҳияи Қарабудахкенти Доғистон имрӯз эълон намуд, ки амалиёти "Муҳоҷири ғайриқонунӣ" аз 17 то 26 март гузаронида мешавад.