-Тоҷикистон аз воксинаи Астра-Зенека даст намекашад,- хабар дод Самариддин Ализода муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ.
Имрӯз дар Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он масоили эмкунии шаҳрвандони Тоҷикистон аз коронавирус баррасӣ шуд. Овозаҳои дар баъзе ҳолатҳо зараровар будаи ин воксинаро, на танҳо намояндаи Вазорати тандурустӣ, инчунин намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Виктор Аксайский ва намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Макаби рад намуданд.
-ЮНИСЕФ танҳо он воксинаҳоро харидорӣ мекунад, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия диҳад ва он сертификат дошта бошад, -хабар дод ҷаноби Макаби.
-Ҳоло мо ба эмкунии қишри осебпазири ҷумҳурӣ тайёрӣ дида истодаем ва рӯзҳои наздик ба воксиназанӣ сар мекунем, -илова намуд Ализода, -ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон воксинаи ширкатҳои дигарро низ омӯхта истодаасту роҳҳои овардани онро баррасӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш тибқи лоиҳаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон воксинаи Астра-Зенгека омада буд. Ҳамзамон овозаҳое пайдо шуданд, ки гӯё давлатҳои Аврупо аз истифодаи ин воксина даст мекашанд.