20 феврали соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода дар шаҳри Екатеринбург дар ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳои Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин, ки худи ҳамон рӯз 60 сола шуд, иштирок намуд.
Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев ва дигар роҳбарони вилоят ва шаҳри Екатеринбург дар намоишгоҳи шахсӣ ва маросими солгард ширкат варзиданд. Намояндагони корпуси дипломатии маҳаллӣ низ Андрей Бесединро самимона табрик карданд.