Чанде пеш прокуратураи шаҳри Любертси вилояти Маскав барои беэътибор кардани шаҳрвандии ҳомии ӯзбектабори ҳуқуқ Баҳром Ҳамроев ба суд муроҷиат кард.
Барои исботи даъвои худ прокуратура ба шарҳи ҳамсари собиқи Ҳамроев, ки дар миёнаи солҳои 90 бо ӯ издивоҷ кардааст, такя мекунад. Маҳз издивоҷ бо шаҳрванди Россия заминаи қонуниро фароҳам овард, ки Ҳамроев шаҳрвандии Россияро соҳиб шавад. Ҳоло додситонӣ талош дорад, ки ин издивоҷ тақаллубӣ дониста шавад.
Дар сурати бекор гардидани шаҳрвандӣ Баҳром Ҳамроевро метавонанд ба зодгоҳаш Ӯзбекистон маҷбуран ихроҷ намоянд. Аммо худи ӯ изҳор намудааст, ки ягон вақт шаҳрванди Ӯзбекистон набуда, баъди шаҳрвандии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ (СССР) шаҳрвандии Россияро соҳиб шудааст.
Инчунин охирон дар он ақидааст, ки берун овардан аз Россияву маҷбуран ихроҷ намудани ӯ ангезаҳои сиёсӣ дораду дар ин амал мақомотҳои махсуси ин ду кишвар даст доранд.