Додгоҳи вилояти Самара шикояти кассатсиониро аз болои қарорҳои додгоҳҳои қаблӣ дар мавриди Саидасрор Мирзоев - раҳбари диаспораи тоҷикон дар вилояти Самараро бетағйир гузошт.
Саидасрор Мирзоев роҳбари созмони ҷамъиятии минтақавии тоҷикони Самара "Пайванд" ва инчунин узви Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия буда, аз охири соли гузашта то ҳол дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Толятӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 декабр додгоҳи ноҳияи Самара Мирзоевро 2000 рубл ҷарима кард ва дар бораи ихроҷаш аз Русия ҳукм содир карда буд.