Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти матбуотии Котиби генералии СҲШ Владимир Норов ба муносибати 19-умин солгарди таъсисёбии СҲШ баргузор гардида, ҳисоботи солонаи фаъолияти Созмон аз замони баргузории Саммити Бишкек (2019) то ин ҷониб низ ироъа гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ, ки дар он намояндагони доимии давлатҳои аъзои СҲШ дар назди Котиботи Созмон, дипломатҳои масъули сафоратхонаҳои кишварҳои аъзои СҲШ, нозирон ва шарикони гуфтугӯ ва доираи васеи намояндагони ВАО иштирок доштанд, Владимир Норов оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Созмон ва корҳои басомонрасондаи он дар самти рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ дар доираи СҲШ, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла муборизаи дастаҷамъона бар зидди вируси COVID-19 сухан гуфт.
-Солҳои охир эътибори байналмилалии СҲШ хеле боло рафта, танҳо дар як соли охири (2019-2020) Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай дар беш аз 70 чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат доштанд. Дар ин марҳила зиёда аз 100 мулоқоту вохӯриҳои Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай бо президентҳо, сарвазирҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, иқтисод ва нақлиёти беш аз 60 кишвари ҷаҳон ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ доир гардидааст.
Фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси созишномаҳо байни ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ аз соли 1996 ташкил шуда буд, дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ таҳкурсии асосӣ гузошт.
15 июни соли 2001 бошад дар шаҳри Шанхай вохӯрии сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.
Новобаста аз навтаъсис будан, тибқи ченакҳои байналхалқӣ, СҲШ дар давоми мавҷудияти хеш худро ҳамчун майдонимубодилаи афкор, коркарди мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дода, вобаста ба талаботҳои замони муосир мақсаду вазифаҳои доштаашро марҳила ба марҳила амали менамояд.