Ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик дар мавсими имсола ба бахшҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳифзу ҳуқуқҳои қонунии онҳо ҳангоми будубош дар кишвари мизбон, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои вилояти Челябински Федератсияи Русия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳвари суҳбат дар мулоқоти намояндагони ҳукумати ин вилоят бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия буд.
Ҳукумати вилояти Челябински Русияро дар ин мулоқот муовини вазири рушди иқтисод Дмитрий Глухарев ва ҷониби Тоҷикистонро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайидзода намояндагӣ карданд.
- Дар ин вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд. Ҷониби кишвари мизбон омодагии худро дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахшҳои саноат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд. Чун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон “саноатикунонии босуръат ва таҷрибаи ҷаҳонӣ” мебошад, Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки баҳри рушди иқтисод ва густаришёбии соҳаи саноати мамлакат, таъмини ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бо сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ ин ҳадафҳоро амалӣ созад - иброз дошт Консулги генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Сайидзода Зафар Шералӣ дар суҳбати телефони бо бахши хабарии “Радиои Муҳоҷир”.
Тарафҳо ҳамкориро ҳукумати дар бахши муҳоҷират қанотбахш ҳисоб намуданд. Дар моҳи апрели соли равон, дар айни авҷи паҳншавии сирояти коронавирус бо дархости Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ва Қарори додгоҳи вилоятӣ,аз “Боздоштгоҳи муваққатӣ барои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии шаҳри Челябинск” ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар умум 37 нафар буданд, озод карда шуда буданд.
- Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин амал дар асоси қарори Додгоҳи Конститутсионии Русия таҳти рақами 42 аз соли 2018 пиёда шудааст. Дар он омадааст, ки “агар шароити ба ватан фиристодани ихроҷшудагон дар ояндаи наздик фароҳам набошад, додгоҳ метавонад бо қарори худ онҳоро озод намояд”, - мегуяд ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик.
Ёдовар мешавем, ки чунин ташаббус пештар дар вилояти Ленингради Русия низ пиёда карда шуда буд.
Зафар Сайидзода Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо намояндаи ҳукумати вилояти Челябинск, муовини вазири рушди иқтисод Дмитрий Глухарев ширкати ҷониби Тоҷикистон дар нишасти намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии кишварҳои узви “Созмони Ҳамкории Шанхай”-ро низ баррасӣ намуданд. Интизор меравад, ки нишасти намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии кишварҳои узви СҲШ дар сурати беҳбудии вазъи эпидемиологӣ дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Челябински Русия баргузор гардад.
Мулоқоти мазкур бо дархости ҳукумати вилояти Челябински Русия сурат гирифтааст.