Намояндагони мактаби мақомхонии шаҳри Исфараи Тоҷикистон Зоиршо Ҳайдаров, Зафарҷон Шарипов ва Абдурашид Нуриддинов санъати шашмақоми тоҷикро дар саҳнаи Театри опера ва балети пойтахти Белгия - шаҳри Брюссел муаррифӣ намуданд.
Дар маркази маъмурии Иттиҳоди Аврупо бо ширкати намояндагони аҳли фарҳанги кишварҳои ҳавзаи Наврӯз - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистону Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Покистону Афғонистон ва Эрон фестивале бо номи "Наврӯзи ҷаҳонӣ" баргузор гардид.
Дар ҷараёни он дар радифи таронаву рақсҳои анъанавии халқҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз санъати нодиру оламшумули шашмақоми тоҷикро намояндагони мактаби мақомхонии Исфара, муовини декани факултаи мусиқии классикии Консерваторияи милли Тоҷикистон Зоиршо Ҳайдаров, роҳбари мусиқии Ансамбли халқии Шашмақоми шаҳри Исфара Зафарҷон Шарифов ва ромишгари Ансамбли халқии Шашмақоми шаҳри Исфара Абдурашид Нуриддинов муаррифӣ намуданд.
Бино ба иттилои Зоиршо Ҳайдаров намояндагони Тоҷикистон санаи 23-юми март, давоми 30 дақиқа дар саҳнаи Театри опера ва балети шаҳри Брюссел асарҳои "Насри сегоҳ", "Дугоҳи чор", "Сувораи наво" (бо сабки Исфара), "Қалъабандӣ", "Ушоқи Самарқанд", "Мустаҳзод" ва ғайраҳоро иҷро карданд, ки аз ҷониби аҳли толор хеле хуб пазируфта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки “Шашмақом”, маҷмуи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳии мусиқии ҳирфии халқи тоҷик аст, ки дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидаанд. Силсилаи мақомҳо, ки то замони мо бо номи “Шашмақом” омада расидаанд, таърихи зиёда аз ҳазорсола дошта, аз мақомҳои “Бузрук”, ”Рост”, ”Наво”, ”Дугоҳ”, ”Сегоҳ”, ”Ироқ” иборат аст.
Шашмақом дар навозиш ва сароидан бо операи халқҳои Аврупо ҳамвазн буда, дар омезиши моҳиронаи матну мусиқӣ инсонро муассир сохта, ба роҳи некиву накукорӣ ҳидоят мекунад.
Ташаббускорони чорабинии фарҳангӣ дар Брюссел Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид - ЮНЕЕСКО ва сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Иттиҳоди Аврупо буда, дар ҷараёни он ҳамчунин дар робита бо мавзӯи "Фарҳанг барои рушди устувор" муколамаи панелӣ сурат гирифт.
Дар ҷараёни он таъкид ёфт, ки Наврўз маҷмуае аз андўхтаҳои ҳакимонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд буда, зиндагию рўшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад.
Меҳрзод Шарифзода