Мушаррафа Қосимова машҳур ба номи "Модари театри тоҷик", Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон санаи 1 апрел дар синни 101 солагӣ аз дунё даргузашт.
Ҷанозаи ин ҳунарманди саршиноси Тоҷикистон дар масҷиди Қаламишкор доир ва қабл аз он дар манзили ҳунарпеша соати 12.00 маросими худоҳофизӣ баргузор шавад. Бино ба гуфти вазорати фарҳанг ба радиои "Озодӣ" номурдаро дар қабристони Сариосиё дафн хоҳанд кард.
Мушаррафа Қосимова санаи 19 декабри соли гузашта ба синни мубораки 100 расида буд ва давоми фаъолияти актёрии худ бо нақшҳои мондагор дар хотири бинандагон абадан ҷой гирад.
Мушаррафа Қосимова ҳамсари Ҳунарманди халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов буда, писараш Фаррух Қосимов асосгузори театри "Аҳорун"-и Тоҷикистон мебошад.
Яке аз машҳуртарин нақшҳои Мушаррафа Қосимова нақши модар дар намоишномаи "Исёни арӯсон" аст ва ҳамзамон дар кинофилмҳои "Нисо", "Вохӯрӣ дар дара" ва "Дарду алами Афғонистон" нақш иҷро кардааст.