Дар Маскав се нафар трансвестит муҳоҷири тоҷикро ба хонаи худ даъват намуда, ӯро таҷовуз намудаанд, хабар медиҳад нашрияи “Курйер”.
Ин нафар, ки аз ӯ Қурбон ном мебаранд, аз рӯи рекламаи фоҳишахона ба суроғае меояд, аммо ӯро на духтарони зебо, балки як марди либоси занпӯшида пешвоз мегирад. Дертар ба ин ҳуҷра ду марди дигар, ки дар сар парику дар тан либоси занона доштанд, медароянду Қурбон дар таҳлука меафтад.
Ин нафарон ӯро бовар мекунанд ва ваъда медиҳанд, ки духтари ваъдагӣ дертар меояд. Дар ин вазъияти ногувор муҳоҷири тоҷик ба қароре меояд, ки бо онҳо баҳс накунад ва пешниҳоди кашидани тамокуро қабул мекунад. Баъди ин Қурбон чизеро дар хотир надорад. Дертар маълум мешавад, ки ин се нафар тоҷики қариб беҳушро таҷовуз намудаанд.
Баъдан Қурбон раҳо ёфта, аз ин хона меравад, аммо дертар ба сари корти бонкии худ бармегардад. Маълум мешавад, ки он нафарон аллакай 16 ҳазор рублро ба корти худ гузаронидаанд.
Пас аз ин Қурбон ба пулис муроҷиат мекунад ва трансвистон боздош карда мешаванд. Вале онҳо баъди як рӯз озод карда мешаванду пулис нисбати худи Қурбон, бо далели истеъмоли маводи мухаддир парванда оғоз мекунад. Давоми ин қазияву тақдири минбаъдаи ин муҳоҷири тоҷик норушан аст.