Ахиран Вазорати Корҳои Дохилаи Россия нишондиҳандаҳои мухтасари ҳолати ҷиноятро, ки дар моҳи январи соли 2021 дар қаламрави Россия ба қайд гирифта шудаанд, расонаӣ кард.
Аз рӯи ин маълумотҳо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия 3,3 ҳазор ҷиноят содир намудаанд, ки нисбати моҳи январи соли гузашта 6,1% зиёдтар аст.
Аммо шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) - 2,6 ҳазор ҷиноят содир намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,8% камтар аст.
Шумораи ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ 18,4 фоиз афзуда, 1,4 ҳазор ҷиноятро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки сари чанд вақт баъзе расонаву коршиносони маҳаллӣ ҷиноятҳои содирнамудаи муҳоҷиронро зиёда аз 50 фоиз нишон медиҳанд, кӣ умуман ба ҳақиқат рост намеояд.
Аз руи ин ҳуҷҷати нашрнамудаи Вазорати Корҳои Дохилаи Русия бармеояд, ки танҳо 2,2 % ҷиноятҳо ба души ҳамаи муҳоҷирон аст. Ва танҳо 1,7% ҷиноятҳоро шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир намудаанд.