Ва ё чи тавр бо як ваъдаи корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия, оилае дар мошин рӯз мегузаронад.
Анқариб ду моҳ мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон Малоҳат танҳо дар бораи бозгашт ба Ватан фикр мекунад.
- На шаб хоб дораму на рӯз, фақат андешаи онро дорам, ки чӣ тавр ба хона баргардам. Ҳам шаҳару ҳам писарам ҳама вақт бо ман, ду моҳ мешавад, ки аз баҳри кор ҳам баромада танҳо бо ман машғуланд, - шиква мекунад ин зан.
- Дар фикраш танҳо мурдан, метарсад, ки дар ғарибӣ ба ҳалокат мерасаду маиташ дар ин мулк мемонад, - мегуяд шаҳараш.
Ҳануз моҳи июн корманди Сафорати Тоҷикистон ваъда дода буд, ки бо рейси аввал ин зан ба Тоҷикистон фиристода мешавад, аммо дертар хабар дод, ки ӯ бо рейси навбатӣ, 1 июл парвоз хоҳад кард.
Ба ин қавл бовар намуда, ин оила 2000 километр роҳро тай намуда рузи 30 июн ба Маскав мерасанд. Аммо, на 1-июл, на 4 – июл ӯ ба руихат шомил нашуд.
Ва ваъдаи навбатии корманди сафорат 7 июл шуд.
Ин оила ба он боваранд, ки 7 июл Малоҳат ба Тоҷикистон мерасад ва дар мошин рӯз мегузаронанд.
Шумо бовар доред?
Ғуфрон Ваҳҳобов