Ахиран, дар нишасти хабарии муштарак бо Владимир Путин, дар рафти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Русия, ки аз 16-ум то 18-уми апрел сурат гирифта буд, Эмомалӣ Раҳмон муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 480 ҳазор нафар донист:
“Мавриди зикр аст, ки солҳои охир шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, тамоюли камшавӣ дорад. Ҳамин тавр, соли гузашта бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ тақрибан 480 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия рафтаанд. Ин шумора 50% камтар аз давраи авҷи ин раванд - солҳои аввали даҳсолаи равон аст, ки то 1 миллион муҳоҷири меҳнатии мо ба Федератсияи Россия рафтаанд”.
Аммо ин дар ҳолест, ки дар худи нишасти номбурда Президенти Русия Владимир Путин аз 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ёдовар шуда “маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷикистониро барои аҳлу авлодашон ва иқтисодиёти кишвар” муҳим донист.
Ин фарқияти азим -720 000 нафар аз куҷо пайдо шуд? Чаро сарвари ду кишвар маълумотҳои гуногун доранд?
Барои сарфаҳм рафтани ин муаммо сараввал бояд бидонем, ки салоҳияти шуморидани муҳоҷирон дар дасти кист ва ин раванд чӣ гуна сурат мегирад.
Лозим ба ёдоварист, ки мо ҳанӯз соли 2013, дар яке аз шумораҳои “Тоҷикони Россия” маводеро зери унвони “Дар Хадамоти муҳоҷират як миллион нафарро гум карданд?”, рӯи чоп оварда будем, ки ба рост наомадани рақамҳои омории ду кишвар ишора мекард. Маводи номбурда сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда буду ҳатто кормандони Намояндагии онвақта Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, қисме аз рӯзномаро мусодира намуда буданд.
Инак анқариб шаш сол пас, дар рафти мулоқоти роҳбари ду кишвар ин нофаҳмӣ аз сари нав боло омада, таваҷҷӯҳро ба худ кашид.
Пӯшида нест, ки ба роҳбарони ду давлат ин рақамҳои омориро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия пешкаш менамоянд. Ва рост наомадани рақамҳои ду ҳамто маҳз “дастовард”-и ин ниҳодҳост.
Дар ин маврид ба ки бовар намоем? Омори кӣ ба ҳақиқат наздиктар аст?
Албатта тарафи Русия манфиатдор аст, то рақамҳоро зиёдтар гӯяд, ва манфиати Тоҷикистон- ин кам нишон додани шумораи шаҳрвандони худ асту ба даст овардани ҳақиқат дар ин ҳолат, амрест маҳол. Вале мо метавонем ба ҳақиқат наздик шавем, агар усулу роҳҳои ҳисоби муҳоҷиронро ба инобат гирем. Дар Русия махзани ягонаи электронии шаҳрвандони хориҷӣ, ҳанӯз солҳои аввали аср роҳандозӣ шуда буду дар Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони худро то ҳол варақҳисоб мекунанд. Яъне ҳангоми убури сарҳади Русия шаҳрванди хориҷӣ ба маъхази ягона дароварда ва ё бароварда мешаваду дар Тоҷикистон шаҳрвандон пеш аз сафар бояд варақаеро пур намоянд. Ҳар як муҳоҷири тоҷик ба хубӣ медонад, ки ин варақаҳо чӣ тавр пур мешаваду нодида гирифтани ин амал низ ҷой дорад. Ҳангоми бозгашт ба ватан , умуман ягон варақа пур карда намешавад.
Сари чанд вақт Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия маълумотҳои омориро, бо ҷузъиёташ, дастраси умум мекунад, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бошад, танҳо дар ҳисоботи солонаашон кӯтоҳ гуфта мегузаранд. Барои мисол омори расмии ду тарафро аз соли 2018 меорем:
Русия:
Ба акси рақами 1 нигаред. (саҳ.1)
Чуноне, ки мебинем, танҳо соли гузашта 35 732 нафар тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул намудаанд. Чанд нафар муҳоҷир тоҷик соҳиби шиносномаи русист, ва дар оморҳо умуман наомадааст. Агар онҳоро низ ҳисоб намоем ва шумораи дорандагони мақоми зисти муваққатиро ба инобат гирему ба омори Путин зам намоем, рақами азиме пайдо мешавад.
Тоҷикистон: Ба акси рақами 2 нигаред.
Пас ба рақамҳои кадом тараф бовар кунем?
Ва ниҳоят бипурсем: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия чанд нафаранд?
Илова: Ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав, бо чанд суол муроҷиат намудем, ки байни онҳо мавриди омор низ сухан меравад. Намояндаи Намояндагӣ, хабар дод, ки дархости мо расидааст ва посухи онҳо мавриди ҳамоҳангкунӣ бо Вазорат қарор дорад. Бори дигар, аз вазъият истифода намуда аз роҳбарияти Намояндагӣ хоҳиш менамоем бо мо суҳбат анҷом бидиҳанд ва ё ба суолҳои мо посух гуянд. Интизор мешавем.
"ТР"