Ҳукумати Ҷумҳурии Марокаш тасмим гирифтааст, ки тамоми чорабиниҳои варзишии байналмилалиро бо сабаби пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қатъ кунад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Рабит Гран-при 2020 иштирок намекунанд.
Мусобиқа мебоист аз 6 то 8 март дар шаҳри Работи кишвари Марокаш баргузор мешуд, аммо Федератсияи байналмилалии дзюдо тасмим гирифт, ки баргузории ин мусобиқаро бо сабаби хатари паҳншавии коронавирус бекор кунад.
Қайд карда мешавад, ки Ҳукумати Марокаш аз сабаби оне, ки дар ин давлат як ҳодисаи гирифтории коронавирус ба қайд гирифта шудааст, тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои оммавиро баргузор накунанд.
"Мо аз ҳама тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла варзишгарон ва ҳайатҳои расмии кишварҳо барои ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодда бахшиш мепурсем", - омадааст дар сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо.
Қобили зикр аст, ки ҳафт намояндаи дастаи дзюдои Тоҷикистон бояд ба мусобиқаи Гран-при Рабит-2020 ба Марокаш мерафтанд.
Дар ҳамин ҳол, Федератсияи байналмилалии дзюдо бакайдгирии варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаи дзюдо, ки дар назар аст 13 март дар шахри Екатеринбурги Русия огоз ёбад, идома медиҳад.