Бино ба иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон озмуни вилоятии “Ворисони Сино” баргузор гашт, ки дар рафти он шаш нафар бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ин бори аввал аст, ки дар ин вилоят ин гуна озмун доир шуда истодааст ва он бо ташаббуси раиси вилоят Қурбоной Ҳакимзода баргузор мешавад.
Инчунин дар назар аст, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳар корманди соҳаи тибби вилоят зимни навиштани корҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаи номзадӣ соҳиби панҷ ҳазор сомонӣ хоҳад дод. Зимни ҳимояи рисолаи докторӣ бошад, ҳар табибе, ки дар ин вилоят фаъолият менамояд, бо даҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад.
