21-24 август дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба расонаҳои ин кишвар, интизор меравад, ки иштирокдорон масъалаҳои банақшагирии дурнамодори фаъолияти муштарак ва рушди ҳамгироии бисёрҷониба, инчунин таъсис ва такмили низомҳои муштараки низомиро баррасӣ намоянд.
Инчунин барои сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳ саёҳат ба Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз»-и пойтахт, Боғи Ирам ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил мегардад.
