Субҳи рӯзи 7-уми августи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф овард.
Дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон нахуст Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро дар деҳаи Лоҳутии Деҳоти Лоҳутии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Муассисаи таълимӣ аз 13 синфхона иборат буда, барои 920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар ин деҳа Маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ қомат афрохтааст, ба истифода дода шуд. Дар ошёнаи 1-уми бино толори намоиш ва фурӯши сару либос ва ҳунарҳои миллї, сартарошхона ва ошхона ҷойгир буда, дар қисмати дигари он либосҳои мактабӣ, тиббӣ, ҳарбӣ ва сару либоси миллӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Ошёнаи 2-юми Маркази хизматрасонї аз коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Коргоҳи мазкур бо наздики 30 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 30 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Кушодашавии Беморхонаи № 2 дар деҳоти Лоҳутӣ ва бинои маъмурии ҷамоат аз паҳлуҳои дигари сафари Президенти Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинг мебошад.
