Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 7 июн дар ин кишвар ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти шадид дар Тоҷикистон эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, фаромадани тармаву ярч ва резиши сангпораҳо вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳои боронӣ бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд. Аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум ва дигар амалҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мегузаранд, худдорӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи боришоти чанд рӯзи охир дар ҳудуди деҳаи Рӯзи Обноки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент сел омада, 1 манзили истиқоматии сокини ин деҳаро пурра вайрон кардааст. Муттаасифона, дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар бародарон, ки аз шаҳри Душанбе ба деҳаи мазкур барои аёдат рафта буданд, ба ҳалокат расиданд. Алҳол ҷасади яке ёфт шуда, дигарӣ дар кофтуков қарор дорад.
Инчунин дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, ба 80 қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва таҳхонаҳои хонаи истиқоматӣ зарар расонид. Аҳолии деҳаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар ин ҳодисаи табиӣ ҳисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ин гуна ҳодисаҳо бино ба иттилои расонаҳо дар ноҳияи Конибодому Хуросон ва дигар навоҳӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.
Гуфтанист, ки тайи ду соли охир аввалҳои моҳи июн барои Тоҷикистон сербориш омада истодааст, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ба хоҷагии халқи ин кишвар хисоротҳо расонида шудааст.