15 феврал “Радиои Муҳоҷир” маводеро, таҳти унвони “Кӣ ва чӣ тавр аз мурдаи муҳоҷир пул кор мекунад?” рӯи чоп оварда буд, ки дар он сухан дар бораи оилаи фавтидагони садамаи Рязан мерафт.
Аз рӯи суханҳои наздикони ин оила нафаре бо номи Абдураҳмонов Абдусамад Шукурович ба хонаи онҳо омада, худро ҳамчун намояндаи маркази ҳуқуқӣ дар Россия муаррифӣ намудаасту иброз доштааст, ки ҳуқуқшиносони Маркази онҳо метавонанд ҷуброни фавтидагонро аз ширкати суғуртавӣ рӯёнанд. Дар ивази ин хизматрасонӣ 50% маблағро талаб намудааст.
Дар ин вақт, яке аз наздикони ин хонавода бо мо тамос гирифтанд ва ба онҳо фаҳмонида дода шуд, ки одатан нархи ин гуна хизматрасонӣ 15% аз маблағи пардохтро ташкил менамояд.
Баъди даст кашидан аз ин созишнома Абдусамад Абдураҳмонов аз мотамзадагон ҷуброни роҳкирову будубошаш дар меҳмонхонаро талаб намудааст.
Ҳангоми суҳбат бо “Радиои Муҳоҷир” Абдураҳмонов аз Антон Самойлов ва Дилшод Убайдов ёдовар шуда буд. Инчунин иброз намуда буд, ки маҳз Дилшод Убайдов ӯро аз Душанбе ба Конибодом гӯё фиристода бошад.
Дертар худи Дилшод Убайдов ба “Радиои Муҳоҷир” занг зада, шиносоӣ бо Абдусамад Абдураҳмоновро инкор намуда буд.
Бар замми ин, яке аз намояндагони Вазорати меҳнати Тоҷикистон, тариқи мессенҷери Фейсбук бо мо тамос гирифта, моро бовар намуда буд, ки ин қазия ба пуррагӣ таҳқиқ мешавад. Аммо ба суоли “Оё дар ҳақиқат Дилшод Убайдов расман дар Вазорати меҳнат фаъолият мекунад?”, посух нагуфта буд.
Мо то ҳол интизори посухи расмии вазорат будем, ки ин қазия тобиши дигар гирифт.
Чуноне, ки маълум шуд, имрӯз се нафар мансабдорони шаҳри Конибодом ба ҳавлии ин оилаи мотамзада омада, пурсуковро оғоз намудаанд. Ҷузъиёти чӣ гуна расонаӣ шудани ин хабар мавриди таҳқиқи онҳо шудааст. Аз рӯи гуфтаҳои нафаре, ки бо ин оила дар тамос мебошад, ҳоло мотамзадагон дар ҳолати ногувор қарор доранд.
Мо ба диққати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мансабдорони ба ин қазия рабтдошта мерасонем, ки ин хабарро “Радиои Муҳоҷир” паҳн намуда, масъулияти ин амалро ба души худ гирфтааст. Инчунин, тайёрии ҳамкории худро дар таҳқиқи ин қазия иброз менамоем. Ва хоҳиш менамоем, ки нафарони мотамзадаро ба ҳоли худ гузоранд.