Духтари ноболиғи тоҷик, ки дар шаҳри Саратови Федератсияи Россия мавриди таҷовуз қарор гирифтааст, се маротиба даст ба худкушӣ зад.
Бино ба иттилои расида дар дафъаи аввал як нафар тоҷик бо гумони дастдарозӣ ба маҳбас рафтааст, дар ду навбати дигар бошад, ҳарчанд таҷовуз сурат гирифтааст, аммо парванда нисбат ба ин ҳодиса кушода нашудааст. Аз рӯйи гуфти нафаре, ки нахост номаш расонаӣ шавад, гумонбари таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи тоҷик шаҳрванди озаритабори Россия, собиқ корманди политсияи ин шаҳр буда, ҳоло дар озодӣ қарор дорад. Пас аз мавриди озори ҷинсӣ ва дастдарозӣ қарор гирифтан, духтар се маротиба қасди худкушӣ намуда, айни ҳол дар беморхонаи ин шаҳр дар ҳолати вазнини руҳӣ қарор дорад. Дар ҳамин ҳол раиси ҷамъияти тоҷикон- “Дӯстӣ”-и шаҳри Саратов Истадхон Саломова мегӯяд, ки гунаҳгор худи духтар асту дар ҳаққи гумонбар, яъне шаҳрванди озаритабори Россия туҳмат зада истодаанд. Пуштибонии Истадхон Саломова аз “таҷовузгар”-и духтари тоҷик саволҳоро ба миён овардааст.
ЧАРО РАИСИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОН –“ДӮСТӢ”-И ШАҲРИ САРАТОВИ РОССИЯ ИСТАДХОН САЛОМОВА АЗ ДУХТАРИ ТАҶОВУЗШУДАИ ТОҶИК НЕВУ АЗ ШАҲРВАНДИ ОЗАРИТАБОРИ РОССИЯ, СОБИҚ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯИ ИН ШАҲР ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД?
Давоми тафсилотро давоми рӯз аз Радиои “Муҳоҷир” пайгирӣ намоед!