Дар маркази вилояти Суғди Тоҷикистон Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои сомоноаи расмии вилояти Суғд фестивали мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав доир мешавад ва он ба 85 солагии таъсисёбии рӯзномаи русзабони ин вилоят "Согдийская правда" бахшида мешавад.
Дар назар аст, ки дар фестивал ҳунармандони соҳаи эстрада, бахусус ҷавонон, ҳамчунин санъаткорон – меҳмонон аз давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин иштирок намоянд.
Ба ғолибону иштирокчиёни Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” аз тарафи кумитаи тадорукот Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим мегардад.
Бояд гуфт, ки баргузории ин гуна Фестивал дар ҳолест, ки вилояти Суғд мунтазам бо вилояти Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон бархӯрдҳои наздимарзӣ дорад ва ахиран ин гуна бархӯрд дар деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Мақсади ноҳияи Бодкони Қирғизистон ба миён омад.