Дар толори Бинои миллатҳои Маскав ҷаласаи навбатии Комиссияи иттилоотии Шӯрои корҳои миллии назди Ҳукумати Маскав баргузор шуд, ки дар рафти он ҳузурдоштагон чанд масоили мубрам ба халқиятҳои Маскавро баррасӣ намуданд.
Комиссия ба қарор омад, ки системаи ягонаи захираҳои иттилоотии иттиҳодияҳо ва ҷамоаҳои миллӣ ташкил ва роҳандозӣ карда шавад.
Инчунин, дар рафти суҳбат маълум шуд, ки Наврӯзи имсола тариқи он-лайн мегузарад. Ин амалро бо эпидемияи коронавирус – COVID-19 рабт доданд.