-Ҳар касе, ки аз хориҷ ба Россия ба кор меояд, бояд санаде дошта бошад, ки дар он маълумот дар бораи надоштани бемории сироятӣ ва нашъамандӣ зикр шуда бошад, - ин ва дигар талабот дар лоиҳаи нав, ки барои баррасии дуввуми Думаи давлатӣ омода карда мешавад, ифода ёфтааст. Дар ин бора "Парламенская газета" бо истинод ба ноиби раиси Шӯрои Федератсия Илёс Умаханов менависад.
Вай қайд кард, ки ҳоло парлумонҳо ду ташаббуси ҳукуматро «дар ҳоли иҷро» қарор доранд: иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ва «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия». Ҳарду аз ҷониби Думаи давлатӣ дар хониши аввал 26 январ қабул карда шуданд, муҳлати пешниҳоди иловаҳо 24 феврали соли 2021 мебошад. Тавре Умаханов қайд кард, ислоҳот таъсиси як манбаи ягонаи электрониро пешбинӣ мекунад, ки маълумотро аз муоинаи тиббии муҳоҷирон ҷамъ меорад.
-Инчунин, лоиҳаи қонунҳо додани ҳуҷҷатҳои тиббиро ба муҳоҷирон ба танзим медароранд ва талаботро барои шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи набудани бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ ҷорӣ мекунанд, - шарҳ дод муовини раис.
Ҳамзамон, Илёс Умаханов таъкид кард, ки ин қонунҳо "бояд ба муқаррароти Аҳдномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ мувофиқат кунанд."