Бонки Осиёгии Рушд гранти 30 миллион долларро барои такмили маҳорати ҷавонон, занон ва муҳоҷирони кории Тоҷикистон тасдиқ кард.
Ҳадафи пешниҳоди ин маблағҳо беҳтар кардани кор ва музди меҳнати онҳо, инчунин тавсеаи имконоти агентиҳои шуғл ва муҳоҷират аст, хабар медиҳад дафтари БОР дар Душанбе.
Гранти мазкурро гранти иловагӣ бо маблағи 1,5 миллион доллари амрикоӣ аз Хазинаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон, ки аз ҷониби БОР идора карда мешавад, ҳамроҳӣ мекунад.
Интизор меравад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур се маркази нави хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ сохта шавад.
Ин марказҳо барномаҳои тамоюли муҳоҷират, курсҳои забон ва малакаҳои асосии кориро барои кӯмак ба муҳоҷирон дар пайдо кардани ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити бехатар дар кишварҳои таъиншуда пешниҳод мекунад.