Мутахассисони Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар натиҷаи як тадқиқот, маълум намуданд, ки кадом шаҳрҳо барои коргарони баландихтисоси хориҷӣ ҷолибтаранд.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот дар байни шаҳрҳои аҳолиашон аз 250 ҳазор нафар зиёд, аз ҷиҳати ҷолибияти муҳоҷирони кории хориҷӣ пешсафон инҳоянд: Москва (41,3% аз шумораи умумӣ), Санкт-Петербург (3,5%) , Ростови лаби Дон (3,4%), Краснодар (3,4%) ва Новосибирск (3,1%).
Ғайр аз он хориҷиён мехоҳанд зиёдтар ба Иваново - 1,4% биёянд. Айнан чунин нишондиҳанда дар Калининград ва Самара низ ба қайд гирифта шудааст.