Ҳангоми ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ президенти Россия Владимир Путин гуфт, ки вазъи сиёсати муҳоҷирати Русия беҳтар шудааст, аммо хавфҳо боқӣ мондаанд.
"Вазъ бештар муташаккилона ва шаффоф гардид ва самаранокии танзими қонунгузорӣ афзоиш ёфт", - қайд кардааст Президент.
Аммо сарвари Россия ҳамзамон таъкид кард, ки дар ин ҷо хатарҳо, аз ҷумла нуфузи ҷинояткорӣ ба муҳити муҳоҷирон боқӣ мондаанд.
«Аз шумо хоҳиш мекунам, ки минбаъд низ ба масъалаҳои қабули қувваи кории хориҷӣ ба мамлакати мо муносибати мутавозин ва масъулиятшиносиро идома диҳед, то эҳтиёҷоти воқеии иқтисоди ватаниро ба ҳисоб гиред, дар ҳоле ки пеш аз ҳама манфиатҳои шаҳрвандони мо дар бозори меҳнат бояд ҳифз шаванд », - илова кард Путин.