Маросими ифтитоҳи масҷиди нав дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Қатар Тамим бин Ҳамад Ал-Тани ба нақша гирифта шуда буд, боз ба таъхир гузошта шуд.
Ҳоло санаи дақиқи кушодани масҷиди нав маълум нест.
Ифтитоҳи масҷиди мазкур ду дафъа мешавад, ки ба таъхир андохта мешавад. Ифтитоҳи он дар охири моҳи сентябр - октябри соли гузашта ба нақша гирифта шуда буд. Он вақт иттилооте пайдо шуд, ки Амири Қатар аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба ӯ дар маросими кушодашавии масҷиди мазкур имконият диҳанд. Ин дафъа интизор буд, ки 12-уми марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амири давлати Қатар дар расми кушодашавии он ширкат мекарданд. Аммо сафари Амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ал-Тани ба сабабҳои номаълум лағв гардидааст.
Хишти аввали зарбиноии масҷиди мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имом Абӯҳанифа гузошта шуд.
Сохтмони масҷид моҳи октябри соли 2011 оғоз ёфта, тақрибан 9 сол давом кард. Арзиши лоиҳа қариб 100 миллион доллар аст.