Хабар
Печать

 

Аз дирӯз 1 сентябр нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон қиммат шуд. Акнун сокинони Тоҷикистон ба ҷойи 19,37 дирами қаблӣ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 22,66 дирамӣ пардохт хоҳанд кард.

Қарори марбута оид ба боло бурдани арзиши нерӯи барқ санаи 22 июни соли равон қабул шуда буду он барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) болоравӣ дорад.

Тарифҳо барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ - 55,14 дирам, истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ - 22,66 дирам, барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди ҳукумати Тоҷикистон - 7,87 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 22,66 дирам (аз 1 октябр то 31 март), барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 7,87 дирам муқаррар шудааст.

Қарор аст, нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон то соли 2025 мунтазам боло бурда шавад. Қимати барқ то соли 2021-ум ҳар сол понздаҳ фоизӣ ва аз соли 2022 то 2024-ум ҳар сол ҳашт фоизӣ қимат хоҳад шуд.