Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро дар ноҳияи Ховалинг кушод.
Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи Дараи Мухтор воқеъ дар зодгоҳи Восеъ сохта шудааст.
Корҳои сохтмонии бино моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, бинои Осорхона аз ду ошиёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Айни ҳол дар ин ҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон мавҷуд аст. Феълан дар ин Осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти ин Қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти миссӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.
Ҳамчунин пайкари ин Қаҳрамони қалқи тоҷик дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст. Осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» номгузорӣ карда шудааст.