Хабар

Боздид аз Маркази санҷиши забондонӣ дар Челябинск

17 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба шаҳри Челябински Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

 Дар доираи сафари худ ба шаҳри Челябинск Зафар Сайидзода аз Маркази санҷиши забондонии назди  Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, ки таҳти сарпарастӣ ва дар ҳамкорӣ бо роҳбари ҶДММ «Маркази ҳамкории байналмиллалии "Иттиҳод"" Акбаршо Раҷабов бомуваффақият фаъолият менамояд, дидан кард.

 Ба Консули генералӣ роҷеъ ба фаъолияти  гуногунҷанбаи Маркази санҷиши забондонӣ, ки барои гирифтани иҷозати иқомати муваққатӣ, иқоматнома, патенти  шуғли меҳнатӣ, шаҳрвандии Россия имтиҳони маҷмӯӣ ва давлатиро оид ба забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории россиягӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон, қабул менамояд, корманди пешбари он Наталя Рязанова муфассал нақл кард.

 Зафар Сайидзода ба Маркази санҷиши  забондонӣ ва ба гурӯҳи ҳамватанонаш, ки дар он ҷо буданд, китоб--воситаи таълимии «Таърихи  Россия дар шакли мухтасар»-ро, ки  онро мураттаб ва борҳо нашр намудааст, ҳадя кард.

 Ҳангоми боздид аз Марказ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбари ҷамъияти  тоҷикони муқими вилояти Челябинск, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Исломуддин Раҷабов ҳамроҳӣ кард.