Хабар
Печать

Дар Маскав сабқатҳо  дар муҳорибаҳои  омехтаи "Колизей: Ҷанги чемпионҳо 19" ба поён расид, ки дар он варзишгарон аз Россия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд.

Варзишгари Тоҷикистон - Мирзобек Мирзоев ва Дамир Гарифови аз Федератсияи Россия дар вазни 70 кило рӯ ба рӯ шуданд.  Аз даври аввал Мирзобек  Мирзоев ташаббусро ба даст гирифта, рақибро буғӣ кард ва як қатор зарбаҳои нишонрас анҷом дод. Дар натиҷа варзишгари тоҷик   Мирзобек Мирзоев ғалабаро бо бартарии кулл ба даст овард.