Хабар

Мошини худро дуздидааст, то ки пардохти суғурта гирад

Печать

Дар Курск як зодаи 62 солаи Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи муффатишон ӯ дуздии  мошини худро   бо мақсади гирифтани пардохти суғурта  ташкил кардааст.

Тибқи иттилои Суди минтақавии  Курск  Toyota Camry ба маблағи 2 миллион рубл суғурта шуда будааст.  Пас аз "рабудан" айбдоршаванда ба политсия, сипас ба суғуртакунандагон барои ҷуброн муроҷиат намудааст.

"Ба ӯ муяссар нашуд, ки пулро гирад, зеро мақомоти тафтишоти пешакӣ далели ташкили дуздии пинҳонии мошинро муайян карданд", - гуфтаанд дар суд ва қайд карданд, ки нисбати шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ низ боз шудааст.