Чуноне, ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба мо хабар доданд, дар ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" Боинг-757 , ки шоми имрӯз аз Душанбе ба самти Маскав парвоз намуд, Дилшод Нурматов низ қарор доштааст. Ёдовар мешавем, ки ҳамсари номбурда дар Химки вафот намуду кудакони ин оила зери парастории ҳамсояҳо монданд. Баъдан, дар Фейсбук, байни раҳбари “Маркази фарҳанги тоҷикон” Хуршеда Ҳамроқулова ва ҳомии муҳоҷирон Каримҷон Ёров ҷанҷоле сар зада буд. Хуршеда Ҳамроқулова тариқи корти бонкии худ ҷамъоварии маблағҳоро ба ин оила ба роҳ андохту Каримҷон Ёров изҳор намуд, ки ин оила муҳтоҷ ба ёрӣ нест. Ҳар ду тараф низ гуфтаҳои худро аз суханҳои Дилшод тақвият медоданд.
Ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" соати 21-30 ба Маскав меояд ва аз рӯи нақша бояд 23-10 ба Душанбе парвоз намояд. Аз Маскав ин ҳавопаймо 28 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафароне, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахарово қарор доштанд, мебарад.