Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бо доираи васеи варзишгарони Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз вилояти Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок доранд. Мусобиқа миёни ҷавонони сину солашон 2002- 2003 доир гардида, барои ҷойҳои ифтихорӣ 62 нафар варзишгарони кишвар миёни ҳам рақобат менамоянд.