Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар давраи дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон -2022-ро дар гурӯҳи “F” бо пирӯзӣ оғоз кард.
Дар бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, футболбозони тоҷик дастаи миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст доданд.
Голро футболбози тоҷик Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42юми бозӣ зад ва муаллифи ягонаи голи зада дар ин бозӣ буд. Бозиро наздик 18 000 мухлисон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамошо карданд.
Дар назар аст, ки бозии навбатии дастаи футболбозони тоҷик санаи 10 сентябр дар шаҳри Улан батор бо дастаи Муғулистон баргузор шавад.