Иқтисод

Иқтисод

Диабети кафандаро

- Субҳ ба хайр, имрўз ҳам холӣ омадӣ?

-Не, аблаҳ, кавдан, бесавод. Ҳоло субҳ нест, балки шом аст!

 

- Субҳ ба хайр, имрўз ҳам холӣ омадӣ?

-Не, аблаҳ, кавдан, бесавод. Ҳоло субҳ нест, балки шом аст!

-Хайр чӣ? Магар шом аз субҳ фарқ дорад, дар ҳарду ҳам мо “ба хайр” мегўем..

-Мммм, шояд ту хеле доноӣ ё бўйи араҷро шомида маст шудаӣ??

-Шояд, аммо ман арақро надидам. Дар ҳақиқат арақ овардӣ?

-Бале, ду шиша...

 

-ЭЭЭ офарин, ту бузургӣ, аҳсан, раҳмат ба ту ва ба ҳазор пуштат, через 100 пушти баъдият. Илоҳо гузаштаҳоят як мў аз сарашон кам нашаваду баъдиҳоят бўйи ролтонро нафаҳманд.

-Э шуд, биё сар кардем.... Менўшем ба хотири фардо!

-Не! Ба хотири ҳамин ҳоло мебардорем.

-Чаро?

-Фардо интернет қиматаш боло меравад ва моро фардои дигар интизор аст.

-Хайр, ба хотири ҳамин лаҳзаҳо, бардоштем...

Ҳарду хеле менўшанд ва пас аз хеле нишаст суҳбат рангоранг мешавад..

-Биё мон ҳамин гапҳоро интернет ҳеҷ вақт гарон намешавад, ман сад фоиз гарантия медиҳам. Агар интернет дар мо қимат мешуд, дар Афғонистон арзон намешуд.

-Агар 500 фоиз гарантия диҳӣ, боз через ҳазор пушти ояндаат ҳам 500 фоизи гарантия диҳӣ интернет қимат мешавад.

- Хай қимат шавад шудан гирад, мо давлати пешрафтаем бояд аз Амрикову Аврупо боло истем.

- Кавдан, воҳима мекунӣ, ду шиша арақи ваъдагиро дар се сол базур овардӣ, боз ту Европа мегўйӣ. Дар он ҷо ҳар сари қадам арақ рехтагӣ...

-Хайр ягон сабаб доштааст, ки қимат кардаанд, беҳуда магар қиммат мекунанд. Нигоҳ кун, аввал ҳамин интернет худаш зараровар чиз, ҳама пиру ҷавон ҳозир дар сари компютер, охир чашмашон хира мешавад.

- Ин гапат рост. Воқеан друст, ҳамин мақомот бењуда ин корро намекунанд. Онҳо доно, олим, гений, гения генияш! Мефаҳмӣ!

-Нав фаҳмидам барои чӣ нархи орд қимат шуда будааст, охир қимат шавад, ки мардум камтар истеъмол кунанд. Истеъмоли зиёди маводи хамирӣ одамро ба касалиҳои гуногуни глобалӣ гирифтор мекунад, аз ҷумла диабети қанд ва баъзан диабети кафандаро.

-Бале, бале. Ин хуб аст. Офарин ба касе кӣ, ҳамин қарорро пешниҳод кардааст. Охир мегўянд ку беҳуда Худо наметияд, ин хирадмандӣ, ин бузургӣ, ин қаҳрамонӣ, ин паҳлавонӣ, ин меҳанпарастӣ, ин намунаи олии гения генияш. Ҳатто ҳамин Амрикову Аврупо ҳам дар ин масъала аз мо ақиб афтоданд. Ана онҳо ҳамин қадар олиму доктору профессору академияву институт доранд, лекин ҳамин чизи оддия сто лет ақлашон намегирад. О гение, о молодетс. О бузурги аср.

- Боз як чизи дигар, ҳамин мардум аз китоб рў гардонид, муаллимон дигар ба технология гузаштанд, дигар хушашон намеояд, ки дар журнал нависанд, электронний журнал кушодаанд. О ин бисёр бад аст, ин анъанаи давраи бузурги комунистиро сто просента аз байн мебарад, обрўйи муаллимро ду пул мекунад. Нағз карданд, ки ҳамин интернетро қиммат карданд. Э офарин, сто раз через панҷсад миёнарав офарин!

- Боз мегўянд, ки дар кишварҳои ҳамсоя интернетро арзон кардаанд, то ҳамсояҳо истифода баранд гуфта, инро мефаҳмӣ?

- Э хай нобудаш. Истифода кардан гиранд, истифода аз интернети арзон мардумро камсавод мекунанд, мо мардуми кўҳистон ба мо пастӣ намезебад. Ва дуюм, интернета мардум дар ноҳияҳо аз кишварҳои ҳамсоя мегиранд, аммо дар марказ чӣ??

- Ин ҷо ҳама корхонаҳои давлатӣ, ҳама муассисаҳои давлатӣ ҳаст. Албатта пули интернета ҳамин марказба ду баробар меёбанд, баъдаш рақамҳо меафзояд.

- Хайр чӣ, мардум гирифтан гиранд. Магар бо нагирифтани онҳо кам мешавад? Наоборот, интернет суръаташ баланд мешавад ва кораш зўр. И онҳо нагиранд, ба кишварҳои ҳамсоя меравад, зато пул дар марказ мемонад.

- Бале, бале. Офарин ту хеле доноӣ, хеле хирадмандӣ, хеле ҷаҳонбиният васеъ. Баъди деҳа рафта омаданат тамоман дигар шудаӣ. Академики беунвон. Офарин. Так надо думать. Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд, мегўянд. Ин рост. Қариб шикоят кунам, хайрият ки омадӣ вагарна дилам мекафид.

- Аммо ба ҳар ҳол кори нағз. Вай кормадони кишварҳои ҳамсоя намефаҳманд, ки интернет чӣ қадар зарар дорад. О гениҳо, ин бузурго дар ғами халқ, аммо чиновкиҳои кишвари ҳамсояро чӣ расад ба мардум. Онҳо чиновникдия. Ғами халқро на ҳама мехўрад, ба ҷуз аз аҳли фаҳм.

-Биё ба хотири саломатӣ сад тогӣ мебардорем, инаш барои саломатии интернет ва ҷомеъа.

- Боз нағз шуд, ки акнун на ҳама аз интернет истифода мебаранд, мардум қариб донишгоҳравиро бас кардаанд. Мепурсӣ, ман дар донишгоҳи Фаронса мехонам, тариқи интернет. О чӣ гап худаш??

- Рост баъзеҳояш ду калима аз инет ёд гирифтааст, одамро намемонад гап задан, умуман ҳамин чиз лозим не. Ғурбаташ бисёр, ҳамин кунҷи хонаву ҳамин шиша худаш ҷавоби 500 Гигабайт интернета медиҳад.

-Друст, бобову бокалонамон ҳамин интернета истифода набурд, шуд-ку? Ҳам солим ва ҳам бе шикоят аз ин дунё рафтанд. Ҳамаи великиҳо истифода накардаанд, шуд-ку? Ҳатто Сталин ба ҳамин бузургиаш интернет надошт. О беинтерет ними сайёраро меларзонд, шуд ку? Ҳоло бошад, ҳама воҳимая бардоштаанд, ки интернет қимат шуд. Э мардуми содда, о ин ба фоидаи саломатии Шумо, на бар зарар!

- Рост, дуруст. Ба хотири ҳамин гения гениҳош менўшем, ба хотири ғамхориҳо....

 Суханбек Ширинбеков

Пурсиш

Кадом кишвари қадима дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст?

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

© 2019 TAJINFO. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфуз аст..Design & by Jamoliddin Jum^a

Ҷустуҷӯ