Интизор меравад, ки бошандагони Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷиро рӯзҳои наздик ба ватанҳояшон равон кунанд. Дар ин бора хабар медиҳад омбудсмен Татяна Мерзлякова. Ҳоло дар ин боздоштгоҳ 21 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд, ки 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва дар охири моҳ ба Душанбе ихроҷ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Екатеринбург шаби 13 ба 14-уми январ ошӯбе сар зада буд, ки танҳо нирӯҳои даъватшудаи политсия тавонистанд, онро саркӯб намоянд.
Аз рӯи гуфтаҳои сухангӯи политсияи вилояти Свердлов –Валерий Горелих шаҳрвандони яке аз давлатҳои хориҷӣ хостааст ба дохили боздоштгоҳ машруботи спиртӣ ворид кунад. Ин ҳолат аз ҷониби посбонҳо сари вақт пешгирӣ мешаваду боиси норозигии боздоштшудагон мегардад. Боздоштшудагон дарҳои ҳуҷраҳоро маҳкам намуда, ба шикастани чизу чораҳо оғоз мекунанд. Ба нишони эътироз як шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Арманистон раги дастони худро мебуранд.