Россия дар соли 2020 аз рӯи шумораи муҳоҷирон дар ҷои 4-ум қарор дорад. Аз рӯйи изҳороти Шӯрои иқтисодии СММ аз се ду қисми шумораи муҳоҷирон ба 20 давлати дунё рост меояд. Аз рӯйи радабандии ин шӯро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 51 миллион муҳоҷир, ки 18 фоизро ташкил медиҳад, дар ҷои аввал қарор гирифта, баъдан муҳоҷирон аз ҳама зиёд дар Арабистони Саудӣ ва Олмон ба қайд гирифта шудаанд.
Аз рӯи маълумотҳои ин сохтор соли гузашта дар Россия 12 миллион муҳоҷир иқомат доштанд.
Дар айни ҳол Президенти тозаинтихобшудаи Амрико Ҷо Байден ваъда намудааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат 11 миллион муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин давлат иқоматдоштаро шаҳрвандӣ диҳад.