Қазияи 7 иштирокчиёни як гурӯҳи ҷиноятӣ, ки бо ҷурми ташкили ғайриқонунии бақайдгирии муҳоҷирон муттаҳам мешаванд, ба додгоҳ расид.
Ин гурӯҳ будубоши анқариб 167 ҳазор нафарро ғайриқонунӣ ба расмият даровардаанд.
Прокуратураи Москва хабар медиҳад, ки ин нафарон бо моддаҳои 2 қисми 322.1 ("Ташкили ғайриқонунии муҳоҷират"), моддаи 322.3 ("Бақайдгирии ғайриқонуннии шаҳрвандони хориҷӣ") ва қисми 6 моддаи 290 ("Гирифтани пора")-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия айбдор мешаванд. Дар рафти тафтишот маълум гашт, ки нафарони мазкур барои хидматашон аз 2,5 ҳазор то 5 ҳазор рублӣ подош гирифтаанд.
Аммо Валентина Чупик, ҳуқуқшиноси соҳаи муҳоҷират мегӯяд, ки аз рӯи ин қазия сардори Шуъбаи муҳоҷирати ноҳияи Басманний дар маҳбас аст, аммо сардорони ноҳияҳои Котелники ва Ленинский проспект, ки ташкилотчиёни асосии будаанд, танҳо аз вазифа сабукдӯш шуданд.
Аз рӯи гуфтаҳои Валентина Чупик “дум”-и ин қазия то ба роҳбари собиқи Хадамоти муҳоҷирати Москва мебарад.