Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дошт, равияи “Салафия”-ро қабул кардааст, ки ахиран аз ҷониби суд ба ӯ ба муҳлати 5 солу шаш моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии прокуратураи генералии Тоҷикистон номбурда Ҳаитов Абдуллоҳ Боймуротович буда, мавсуф аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият намудааст. Дар ин ҷо аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.
Зикр карда мешавад, ки прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳолат бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.
Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода бошад, Абдуллоҳ Ҳаитов гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.