Муҳоҷират

Барои фаъолияти ғайриқонунии муҳоҷирон пора дод

Баъзе тафсилоти қазияи аҷиберо, ки бо муҳоҷирони тоҷик алоқаманд аст, оммавӣ шуданд.
Ба додгоҳи вилояти Новгород сокини 53 солаи Прикамя аз болои ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ шикоят бурдааст. Ин нафар ба ҷурми пешниҳоди пора муттаҳам мешавад.
Ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта кормандони Хадамоти муҳоҷирати ин минтақа корхонаи «ЛССТРОЙ» («ЛидерСитиСтрой»)-ро тафтиш намуда, муқаррар намудаанд, ки 10 нафар муҳоҷири тоҷик дар он ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Намояндаи ин ширкат Андрей Степанов кӯшиш намудааст, ки ин мушкилотро бо додани пора ҳал намояд.
Дар утоқи кории пулис ин нафар барои ҳар муҳоҷир 10 ҳазор рубли пешниҳод намуда, баъдан дар автомобили корманди полис 20 донаи 5 ҳазора гузоштааст. Аммо аз тарафи кормандони хадамоти амният, ки аллакай ин равандро таҳти назорат карор доштанд, дастгир мешавад.
Додгоҳи ноҳияи Окулев Степановро ба 500 ҳазор рубл чарима намуда, ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум сохтааст.
Аз тақдири минбаъдаи муҳоҷирони тоҷик маълумоте нест.

Пурсиш

Кадом кишвари қадима дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст?

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

© 2019 TAJINFO. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфуз аст..Design & by Jamoliddin Jum^a

Ҷустуҷӯ