Ҳукумати Русия эълон кард, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз 18-уми март то 1-уми майи имсол вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро ба қаламраваш манъ мекунад.
Ба ин қатор ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳар сол дар айёми баҳор барои кор ба Русия мерафтанд, низ шомиланд. Аммо қарор ба дипломатҳо, ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо, ҳайатҳои расмӣ, соҳибони санади иқомати доимӣ дар Русия ва ҳамчунин мусофироне, ки Русияро ба ҳайси масири транзитӣ интихоб кардаанд, дахл надорад.
То имрӯз дар Русия беш аз 90 мавриди гирифтор шудани сокинон ба вируси нав тасдиқ шудааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Русия 16-уми март гуфт, сарвазир Михаил Мишустин пеш аз эълони тасмим бо ҳамтоёнаш аз чанд кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, суҳбати телефонӣ дошт. Мишустин ба ҳамтоёни худ гуфта, ки чораҳои андешидаи Русия муваққатӣ ва дар заминаи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аст.
"Дар ҷараёни суҳбатҳо вазъияти вобаста ба вируси нав баррасӣ шуд. Мишустин раҳбарони ҳукуматҳоро хабардор кард, ки ҳукумати Русия барои таъмини амнияти давлат, ҳизфи сиҳҳатии мардум ва пешгирӣ аз сирояти коронавирус чунин тасмим гирифт", - омадааст дар хабари расмӣ.
Дар банди аввали қарори ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки "ФСБ рӯзи 18-уми март муваққатан вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд, аз ҷумла сокинони Беларусро маҳдуд мекунад."