Муҳоҷират

Ҳикояти ғароиби ӯзбекӣ

 

Буд набуд Исҳоқов Хайриддин Исомиддин ӯғлӣ буд, бо соли таваллуди 1992. Муҳоҷири росткор буду ҳамеша ба қонуну қоидаҳо риоя мекард. Аммо чӣ шуда монд, ки шиносномаашро гум кард. Ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Реутов (маҳалли зист ва ба қайдгирии муҳоҷиратиаш) муроҷиат карданаш зарур омад, то ки тасдиқнома гираду сертификати бозгашт ба ватанро ба расмият дарорад.

Хайриддин дар ҷойи зисташ ҳамхонаҳо низ дошт. Худи Хайриддин дар қайд меистоду ҳамхонаҳояш не. Ҳамхонаҳояш, ки одамони эҷодкору шухтабиат ва ба қавле “пухта” буданд ва аз ҳодисаи ба сари ӯ омада хабар доштанд. Вақте онҳоро медоштанду ҳуҷҷатҳо мепурсиданд, мегуфтанд, ки Исҳоқов Хайриддин ҳастанд, ҳуҷҷатҳоро гум кардаанд. Баъди ин посух онҳоро дар махзани ягонаи иттилоотӣ месанҷиданду ҷавоб медоданд .

Имрӯз бошад, аз соати 19 то соати 22 нозири минтақавии милитсия дар даромадгоҳи хонае, ки қаблан дар он Исҳоқов Хайриддин зиндагӣ мекарду дар қайд меистод, 4 (ЧОР) нафар узбекҳоро боздошт намуд. Ҳамаи чор нафар гуфтаанд, ки онҳо Исҳоқов Хайриддин ҳастанд. Акнун ин одамони хуб дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Реутов қарор доранду аз ман хоҳиш мекунанд, ки кумак намоям!!!

Ба назар мерасад, ки дар шуъбаи мазкур ҳам навбатдор Косов одами хуб асту нозири минтақавӣ Кузнеченко низ ваҳшӣ нест ва дар ҳақиқат ба амалиёти “Муҳоҷири ғайрирасмӣ” сафарбар карда шудааст. Инчунин мутобиқи моддаи 51 Конститутсияи ФР ҳеҷ кас вазифадор нест, ки бар зидди худаш маълумот диҳад, аз ҷумла ному насаби ҳақиқиашро гӯяд... аммо ман гумон мекунам, ки пагоҳ дар боздоштгоҳи Сахарово теъдоди боздоштшудагон ба чор нафар зиёд мегардад ва ҳамаи онҳо бегуноҳон Хайриддин Исҳоқовҳо ҳастанд.

Валентина ЧУПИК, ҳуқуқшиноси ройгон барои муҳоҷирон.