Муҳоҷират

РОССИЯ БА 1 МИЛЛИОНУ 200 ҲАЗОР МУҲОҶИРОНИ БИНОКОР ЭҲТИЁҶ ДОРАД

Печать

Тибқи гуфтаҳои роҳбари Вазорати сохтмони Россия Ирек Файзуллин дар айни замон Федератсияи Россия ба 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷири бинокор эҳтиёҷ дорад.

- Мо бояд ҳадди аққал як миллиону 200 ҳазор нафари дигарро  дар сохтмонҳо ҷуброн кунем.  Мутаассифона, мо натавонистем ин ҷойҳои кориро аз ҳисоби коргарони дохилӣ пур намоем,  - гуфтааст роҳбари Вазорати сохтмон.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол, ширкатҳои сохтумонии Россия муҳоҷирони меҳнатиро тибқи дархосту иҷозати махсуси мақомоти ин кишвар талаб менамояд.