Ширкати сохтмонии Федератсияи Россия “Техстрой” ният дорад, дар доираи талаботи худ 1000 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистонро ҷалб кунад.
Гуфта мешавад, ки андозаи музди меҳнат аз ҳаҷми корҳои иҷрошуда вобастабуда, муҳоҷирон метавонанд аз 30 ҳазор рубл то 1000 доллар маош гиранд.
Бино ба иттилои дастрасгардида масъалаи созишнома бо Бонки Федерасияи Россия ҳалли худро ёфтаасту он маблағеро, ки муҳоҷирон барои гирифтан иҷозатнома, хариди чиптаи ҳавопаймо, аз муоинаи тиббӣ гузаштан ва дигар хароҷотҳо сарф мекунанд ва он аз ҷониби корфармо пардохта мешавад, бояд дар муддати шаш моҳ баргардонида шавад. Гузашта аз ин муҳоҷирони мазкур аз забони русӣ имтиҳон низ хоҳанд супорид.
Хароҷоти ширкат барои як муҳоҷир тахминан 70-90 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Барои ҳар як муҳоҷир корти бонкӣ омода карда мешавад ва хароҷотҳои анҷомдодашуда ба таври автоматӣ аз корти муҳоҷирон гирифта хоҳад шуд. Хароҷоти 70-90 ҳазор рубли русӣ ва таӯйирёбии он вобаста ба нархи чиптаҳои ҳавопаймо мебошад. Дар баробари ни пас ба Федератсияи Россия ворид шудани муҳоҷирон онҳо муҳлати 14 рӯзаи карантиниро хоҳанд гузашт.
Аз он лаҳзае ,ки муҳоҷирони интихобшуда ба хобгоҳ таъмин мегарданд то гирифтани музди аввал ба онҳо хӯрок ва хароҷоти нақлиётӣ барои омода кардани ҳуҷҷатҳо дода мешавад.