Созмони байналмилалии ҳуқуқи башари Amnesty International тасмими эътирофи сиёсатмадор Алексей Навалнийро ҳамчун “маҳбуси виҷдон” бекор кард.
Amnesty International изҳоротҳои ин мухолифро, аз ҷумла нисбати муҳоҷирон, дар миёнаи солҳои 2000-ум таҳлил карда, ба хулосае омадааст, ки дар онҳо "сухани нафратангез" мавҷуд аст. Ин созмон Навалнийро рӯзи 17 январ пас аз баргаштанаш аз Олмон, ҳамчун “маҳбуси виҷдон” эътироф карда буд:
«Алексей Навалний барои фаъолияти сиёсӣ ва аз истифодаи ҳуқуқи худ ба озодии баён зиндонӣ шуд. Amnesty Internationalӯро маҳбуси виҷдон мешуморад ва озодии фаврӣ ва бечунучарои ӯро талаб мекунад ”- омада буд дар изҳороти ин созмони бонуфуз.
“Маҳбуси виҷдон” истилоҳест, ки дар ибтидои солҳои 1960 аз ҷониби асосгузори Amnesty International ҳуқуқшиноси бритониёӣ ва фаъоли ҳуқуқи инсон Питер Бененсон омода шудааст. Ин истилоҳ ба нафаре ишора мекунад, ки аз рӯи ақидаҳои сиёсӣ, динӣ ва илмии худ зиндонӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, ин мухолифи сарсахти ҳукумати Русия ба 2 солу 8 моҳ зиндонӣ карда шуда буд.