Тобистони ҳамин сол сафаре ба кишвари азизам Тоҷикистон доштам. Аз обу ҳавои форами кишвар намегӯям, зеро ба ҳама маълум аст. Мехоҳам нукотеро дар ин навишта рӯйи варақ орам, ки донистанаш ҳам боиси умедворӣ ва ҳам огоҳӣ аз хатари маргбори ҷомеъа. Мавзӯи умедбахш ин аст, ки дар шаҳри Душанбе аз ҷиҳати ахлоқи шаҳрнишинӣ ҷавонони бадахлоқ як каме эҳтиёткор шудаанд.
Дар маркази пойтахт ҷавонони бетаълим, бефаросат, бангиву ҳангӣ ҳар рӯз савори мошинҳои гаронарзиш бо мусиқии баланд, бо суръати тез, бо доду ҳаёҳую дӯғу пӯписа, бетартибона, шабҳо бо суръат мусобиқа мекарданд. Ҳафтае набуд, ки хабари марги чандин нафарро нашунавӣ. Ин “ҷавонони тиллоӣ” чӣ қадар инсонҳоро зери чархи мошинашон куштанд. Бадбахтӣ дар ин буд, ки нозирони роҳ аз онҳо метарсиданд, касе ҷуръат намекард, ки онҳоро ҷарима кунаду пеши роҳашонро гираду пишакашонро “пишт” гӯяд. Онҳо аксарият писарони раисону вазирону сарватмандон буданд. Онҳо пулдорони вазнин, ки пачка-пачка доларро ришва медоданду ин хароҷот барояшон “жалка” набуд. Бо зарби вазифаи падарашон ва ришвадиҳӣ дарҳол озод мешуданд. Ҳоло чӣ ҳол доранд? Ҳоло низ хатари онҳо аз сари ҷомеа дур нарафтааст, аммо Худоро шукр, ки имсол воқеъаҳои хунин аз дасти “ҷавонони тиллоӣ” дар пойтахти Тоҷикистон кам шунида мешавад. Ба ростӣ, тааҷуб кардам, ки ин кор чӣ гуна иҷро шуд? Чӣ гуна ин ҷавонони саркаш эҳтиёткор шудаанд? Чанд рӯзе, ки дар Душанбе будам, пурсидаму донистам, ки чӣ сабаб гашту кӣ тавонист, то пеши ин қувваи вазнинро гирад. Ҳам мардум ва ҳам шахсиятҳои масъули огоҳ аз вазъи шаҳр, ки бо ман ҳамсӯҳбат шуданд, тартиботро аз натиҷаи фаъолият ва таъсири нуфузи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе медонистаанд.
Субҳи барвақт пеш аз шунидани азони бомдод занони ҷавону бузургсол тамоми роҳҳову кӯчаҳои шаҳрро ҷорӯб мезананду тоза мекунанд. Аз онҳо шунидам, ки гуфтанд, Рустами Эмомалӣ шахсан дар шаҳр гашта, назорат мекунад. Аъмоли ҳар ҷавонеро, ки дар пойтахт бетартибӣ кардааст, дар ҳолати ҷиноят ба даст афтодааст, писари касе, ки набошад номаш ба “рӯйхати сиёҳ”ворид мешавад. Шаҳр ба оромишу осоиш мерасад дар ин кор шаҳрдорро дастгирӣ намудан хеле муҳим аст.
Акнун нуқтаи дигареро мехоҳам арз кунам, ки навмедкунанда аст. Рустами Эамомалӣ дар ҳама шаҳрҳо мир нест, ки “ҷавонони тиллоӣ” аз нуфузаш тарсида, дамашон фурӯ нишинад. Аммо агар тавонад, ҳамин замон хоҳиш мекунам, ки барои танзими минтақаҳо низ таъсир расонад. Берун аз пойтахти шаҳри Душанбе ҳолат бениҳоят вазнин аст. Дар баъзе шаҳрҳо рӯзе нест, ки зери чархи мошини ронандаҳои ваҳшии бангиву ҳангӣ шахсе намурад. Аз шахсони огоҳ шунидаам, ки бештарашон ба нозири роҳу кормандони милиса ва прокуророн пулҳои калон додаанд, то аз ҷинояткории онҳо чашм пӯшанд. Худ шоҳиди он ҳастам, ки дар як садама яке аз мухаддирфурӯш се нафарро зада ба ҳалокат расонид, аз ҷониби мақомот дастгир шуд, аммо пас аз 5 рӯз озодаш карданд. Аз забони мардум ва наздикони он мухаддирфурӯши “алигарх” шунидам, ки ӯ 40 ҳазор долар ришва ба коркунони мақомоти давлатӣ, 10 ҳазор долари дигар ба хонаи шахсе, ки зери чархҳои мошин фавтида ҷуброн пардохта, худ дар як мошини қиматбаҳои дигар нишаста, озодона зиндагӣ мекунад. Боз кораш мастиву аластиву суръати бениҳоят баланди мошинаш. Ба ҷуз ин дар кӯчаҳои шаҳр рӯзе нест, ки ҷавонон пас аз кашидани бангу дигар намуди маводи мухаддир байни худ занозанӣ накунанду корду табарзанӣ накунанд. Ба мақомоти давлатӣ муроҷиъат кардан бе таъсир, зеро садои муроҷиаткунанда саркӯб шуда, ҷинояткори ришвадеҳ кору зиндагиашро дар озодӣ давом медиҳад. Муноқишаҳои ойилавӣ дар байни ҳамсоягон аз сӯйи чунин авбошон бениҳоят бисёр. Кор ба ҷое расидааст, ки то кӯдаки мактабхон чӣ шаб ва чӣ рӯз дар кӯчаҳову бозорҳо корашон бетамизиву бетартибӣ. Ҳатто баъзе кӯдакон машғули мухадирфурушӣ! Нозирони минтақавӣ бештарашон бесаводу бевиҷдон, аз рӯйи ин ҷинояткорон шикоят намоӣ, шикояткунандаро тӯҳмат зада, “ту безор кардӣ бо ҳамин шикоятат, фаҳмондамшон боз чӣ кунам” гӯён норозигии хешро нишон медиҳанд. Пас баъди чанд рӯз мефаҳмем, ки бо таври махфиёна, бе кушодани парвандаи ҷиноятӣ аз ҷинояткор пул канда, ӯро ҷавоб додаанд. Аз сӯйи имомони масоҷид дар ин мавзӯъ на насиҳату на тарбия. Бештари имомони масоҷид аваллан худашон мӯҳтоҷи насиҳату тарбияанд, ки ин қабил “домуллоҳо” мактаби миёнаро базӯр хонда, дар ҳеҷ донишгоҳи динӣ, ё дунявӣ таҳсил накардаанд. Аз сӯйи дигар намехоҳанд муносибаташонро бо ин мухаддирфурӯшон бад кунанд, зеро бештарашон мӯҳтоҷи нони маъракаи инҳоянду пули муфт мегиранд, намехоҳанд, ки аз “дуъопулӣ” маҳрум шаванд.
Масъала ба раисони маҳалла ва бахусус масъулини кумитаи занҳо низ дахл дорад, ки вазифаашон огоҳ намудани волидайн барои таълиму тарбияи фарзандон аст. Аз фаъолияти босамари ин қабил масъулин аслан хабаре нест, на маҷлисе, на дарсу машварате. Агар мушкиле дар миёни оила ё ҳамсоягон пайдо шавад, натиҷаи кори нозири минтақавӣ, муллои маҳала, раиси маҳала ва раиси занон ин мешавад, ки ҷабрдидаро гунаҳгору гунаҳгорро ҷабрдида ҳукм мекунанд. Барои ҷабрдида ба ҷуз бемории асаб, ё даст ба худкушӣ задан роҳи дигаре намемонад. Зеро ин масъулон бештарашон на саводи кофӣ доранду на виҷдону инсоф.
Тааҷуб аз ин мекунам, ки чаро ин коркунони ҳифзи ҳуқуқ барои як смс навиштан ба ифротгарое, ё клас мондан дар зери видеои ифродгароёни динӣ дарҳол ҷавонеро дастгир мекунанд. Он ҷавон дар кадом кишваре ҳам бошад дарёфт карда, ба зиндон мебаранду, аммо аз ҷиноятҳое сахте, ки дар Тоҷикистон мегузарад, чашм мепӯшанд, пулро мегиранду ҷинояткорро озод мекунанд. Ҷинояткори ваҳҳобиву салафиро ба зиндон мебаранд ва ӯ ҳеҷ тарбияте дар зиндон нагирифта, баракс онҷо расвотар мешаванд. Зеро боз аз сӯи салафиҳои зиндонӣ омӯзиш мегирад. Инчунин ҷинояткороне, ки дар берунанд, бо зарби пул парвандаашонро гуму нест кардаанд, ҷинояткориро идома медиҳанд.
Мебинам, ки ҷомеа аз арзишҳои инсонӣ дур мешавад, бештари оилаҳо носолим буда, аз дасти хешу табори худ нобуд шуда, рӯзи нек надоранд. Кор ба ҷое расидааст, ки падару модар аз ӯҳдаи идора кардани фарзанди худ намебарояд. Илат ин аст, ки ё худашон бесаводи расво буда, ҳеҷ аҳмияте ба таълиму тарбияву хонишу дониши фарзанд намедиҳанд, ё фарзандашонро дигар фарзандҳо бероҳа карданд. Аз миёни сад оила шояд наёбӣ модареро, ки дасти ӯ китобро бинаду, як саҳифа китоб хонад. Аз ин рӯ кори занҳо ғайбати якдигару нақли пулу моли дунё, ки фалонӣ ин хариду он харид, шӯям ё писарам ин миқдор пул фиристод. Ба мушоҳидаи ман аксарияти занҳои ҷомеъа мо дур аз донишу хониш ва машғули ғайбату ҷангу ҷангҷоли хешовандиву озори ҳамсоягонанд. Аммо занҳои камшуморе, ки солим меандешанд, аз дасти ҷоҳилон рӯз надоранд. Ин аст ҳолу аҳволи ҷомеаи мо. Ин аҳволро дида, намедонам, аз дасти ин халқи ҷоҳили ҷинояткор нолем, ё аз дасти мақомоту милисаи ришвахӯраш.
Хайриддин Абдуллоҳ
Tajinfo ба хотири гуногунандешӣ хабару маводҳоеро низ манзури хонандагон мегардонад, ки хилофи назараш мебошад.
Барои дурустии факту рақамҳои аз дигар манбаъҳо истифодашуда, масъулият намебарад.