Таҳлил

МУҲАММАД ЭГАМЗОД: "РОҒУН- МЕҲВАРИ ДУНЁИ УМЕДИ ТОҶИКОН АСТ"

 

Дипломати саршиноси тоҷик Муҳаммад Эгамзод дар саҳифаи фейсбукии хеш дар робита ба ҳаводиси бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун таъкид бар он намудааст, ки "мояи ору номус ва умеди тоҷикон аз ҳама саросари дунё гӯё дар Роғун бо ҳам омад, манҳои паҳну парешон дар ин лаҳзаҳо МО шуданд!"


Ӯ дар идома навиштааст, ки "Имрӯз, 29 октябри соли 2016 дар таърихи навтарини миллат ҳаводиси чашмгире ворид шуд: Дар шаҳри Роғун дар ҳузури ҳазорон сокинони саодатманди Ватан ва намояндагони корпуси дипломати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан худ сари рули булдозери вазнин нишаста, бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд. Ин иқдом дар баробари нодир ва нишонрасии технологияи сиёсӣ будан, тавонист дар афкори ҷомеаи ҳаштмиллиённафараи кишвар ва фарзандони фаромарзии Миллат ва Меҳани тоҷик, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канораи дунё кору зиндагӣ доранд, мисли барқ дурахшад! Ин дурахш эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихор ва ормонҳои қалбҳои пурумеди мардуми моро такон дод! "Роғун бунёд мегардад!"- ин харфу вожаҳои пур аз орзу ва ниёиш аз дили ҳар яки мо гузашт!".
Муҳаммад Эгамзод ба ҳайси корбари фаъоли Фейсбук, ки қарибан 2000 дӯстони шабакавӣ дорад, зикр намудааст, ки баъди пахши хабари бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун "паёмакхои фейсбукӣ, Вайберу Вотсап-ии дӯстони сершумори ҳамватанам аз саросари Русия, ки як ба як ном гирифтанашон имкон надорад, Фахриддину Мирзомурод аз Самарқанду Тошканди Ӯзбекистон, Шоиста, Бароталиву Фаридаву Раҳматшо аз Ошу Бишкеки Қирғизистон, Миразизу Имомиддину Саломату Сино ва бобои Эшон аз Қазоқистон, Суҳроб аз Укроину Абдурашид аз Мински Белорус, Мирзобек аз Штутгаргду Манучеҳр аз Ҳамбурги Олмон, Тимур аз Прагаи Чехия, Маҳбуба аз Амстердами Нидерланд, Азиз аз Копенгагени Дания, Зульфия, Чумъа, Малика, Ардашер аз Бруклини Ньюйорку Азиму Муночот аз Вирджинияи Амрико, Абдурозиқ аз Дубаи Аморат, Комилҷон аз худи Куала Лумпури Малайзия, аз қораи Осиёи ҷануби шарқӣ ва даҳҳои дигар... аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ин ҳодисаи фараҳбахши таърихи миллат ҳама ифтихорманданд. Мояи ору номус ва умеди мо аз ҳама саросари дунё гӯё дар Роғун бо ҳам омад, манҳои паҳну парешон дар ин лаҳзаҳо МО шуданд! Бо ибораи Бисмиллаҳир раҳманир раҳим! ва аз даргохи Худованди муттаъол фардои дурахшони Миллат ва Меҳани тоҷикро хоста, сароғози корро пешоҳанги намудани Эмомалӣ Раҳмон саранҷоми неке хохад дошт!"- навиштааст дипломати тоҷик дар саҳифаи фейсбукии хеш.

 

"ТР"