Аз моҳи декабри соли 2020 тақрибан 14 ҳазор муҳоҷир барои кор дар сохтмонҳои Русия ворид шуданд. Аз рӯи гуфтахои муовини Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Россия Никита Стасишин дар робита ба маҳдудияти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Россия ба Вазорати сохтмон дархостҳои зиёде аз лоиҳакашон дар мавриди ҷалби муҳоҷирон ба кор дар сохтмонҳо ворид мешаванд.
-Ҳамин тавр, дар доираи муқаррароти таҳиянамудаи вазорат аллакай аз 40 ташкилоти сохтмонӣ дархост ворид шудаасту танҳо дархостҳои 10 ширкат тасдиқ карда шуданд. Муҳлати умумии баррасии дархостҳо 7-10 рӯзро ташкил медиҳад,- хабар додааст муовини вазир.
Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон, дар соли 2021 танҳо 134 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Иркустк сафар намуданд, ки аз шумораи умум танҳо 1%-ро ташкил медиҳаду халос.